Моҳи май дар сайёра қадам мезанад — ИА Караван Инфо
Моҳи май дар сайёра қадам мезанад

Чӣ ҷашнест рӯзи 1-уми май?

Рӯзи 1-уми май аввалин маротиба дар Россияи подшоҳӣ соли 1890 дар шаҳри Варшава ва баъдан соли 1891 дар поитахти он шаҳри Пётри Доҳӣ (Санкт-Петербург) ҷашн гирифта шуда буд. Ҷашни мазкур соли 1889 дар II-мин Конгресси байналмиллалии шаҳри Порис (Париж) ба ёдбуди суханронии коргарони шаҳри Чикаго, ки дар 1-уми маи соли 1886 шуда буд, таъсис гардида аст.

Бисёр одамони замони дар СССР зиндагӣ карда, то ҳол ёд доранд, ки дар ибтидо номи ин ҷашн – Рӯзи ҳамбастагии заҳматкашони ҷаҳон номида шуда буд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷашнро ба таври кӯтоҳ 1-уми Май номида мешуд, ки нишонаи инқилоб, муборизаи синфҳои ба ҳам зид буда, хусусияти сиёсӣ низ дошт. Ҷашн бо намойиши меҳнаткашон, ки дар он расми шахсиятҳои сиёсӣ, сафи пешвоёни истеҳсолот, ходимони санъат, шиору даъват ба дастовардҳои хоҷагии халқ гузаронида мешуд.

Дар ин рӯзи нишонаи ҳамбастагӣ ва дӯстии мардуми сайёра, таманно аз он дорем, ки ҳамаро бо баҳори сарсабзи форам, ташаббуси бузург ва дигар дастоварди меҳнатӣ роҳпаймойӣ кунад.

Бигузор 1-май дар сайёра қадам занад!

Бигузор Баҳору Меҳнат, Сулҳу ҳамбастагӣ дар тамоми олам шукуфойӣ кунад!

error: