Москва барномаи бузургеро ба ифтихори Рузи Русия омода мекунад — ИА Караван Инфо
Москва барномаи бузургеро ба ифтихори Рузи Русия омода мекунад

Дар арафаи Рузи Русия, майдончахои зиеди фархангии пойтахти Русия барои сокинон ва мехмонони шахр зиеда аз 150 чорабини омода карданд. Консертхо, намоишгоххо, мастер-классхо, намоишхои интерактиви, мусобикахои варзиши ва бисёр барномахои дигар мехмононро дар доираи барномаи чашни, ки шахрдории Москва ташкил кардааст, интизоранд.

Ба гуфтаи Наталия Сергунина, муовини Шахрдори Москва, чорабинихои чашни дар 70 бог, китобхонахо, осорхонахо, марказхои фарханги ва дигар чойхои шахр ба накша гирифта шудаанд.

Барои 11 ва 12 июн чорабинихои намудхои гуногун аз барномахои мавзуъи, консертхо ва намоишгоххои аксхо то мастер – классхо ва бозихои интерактиви ба накша гирифта шудаанд. Дар доираи чашни Рузи Русия, шумо метавонед бо мероси фархангии кишвар шинос шавед, дар вохурихо, экскурсияхо, мухокимахо ва дигар озмунхо иштирок кунед.

Осорхонаи давлатии биологии ба номи К.А. Тимирязев чорабинии оилавиро бо машгулиятхои интерактиви дар Рузи Русия пешниход мекунад. Дар навбати худ, богхои гуногун ва марказхои фарханги намоишхо, баромадхои истеъдодхои чавон, мастер-классхо оид ба анъанахои миллии рус, мусобикахои варзиширо пешниход мекунанд ва хамаи хохишмандонро ба чашн даъват мекунанд.

Аксхо: Хадамоти матбуоти департаменти фарханги Шахри Москва

error: