Роҳбари ВКХ Ӯзбекистон бо намояндаи махсуси Президенти Россия вохӯрӣ гузаронид

Рӯзи 3 апрели соли 2024 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо намояндаи махсуси Президенти Россия дар ҳамкории фарҳангӣ Михаил  Швидкой вохӯрӣ гузаронид.

“Хеле хушҳолам, ки бо намояндаи махсуси Президенти Россия дар ҳамкории фарҳангӣ Михаил  Швидкой вохӯрдам. Як қатор равишҳои ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Россияро муҳокима кардем”- қайд карда мешавад дар барномаи телеграми ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Тарафҳо омодагии хешро дар бораи ояндаи равнақи ҳамкориҳои дуҷонибаи ду мардуми бо ҳам рӯстро иброз карданд. Намояндаи олимақоми ду кишвар зарурати зиёд кардани муносибатҳои фарҳангӣ ва пешниҳоди барномаҳои фарҳангии фазои ин кишварҳоро ишора карданд