Русия ва Киргизистон хамкориро дар сохаи амнияти биологи таквият медиханд — ИА Караван Инфо
Русия ва Киргизистон хамкориро дар сохаи амнияти биологи таквият медиханд

МОСКВА, 27 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Дар Бишкек машваратхо байни намояндагони Русия ва Киргизистон оид ба масъалахои амнияти биологи баргузор шуданд.

Музокирот дар шакли байнисохави сурат гирифт ва доираи васеи мавзуъхоро аз табодули арзёбии тахдидхои чори дар фазои пасошурави то татбики амалии меморандуми дучониба дар бораи хамдигарфахми фаро гирифт.

Тибки маълумоти ВКХ-и Русия, чонибхо кадамхои мушаххаси рушди хамкориро мухокима намуданд ва мувофикати равишхоро ба масъалахои асоси тасдик намуданд.

Кайд гардид, ки хамохангсозии талошхо дар ин соха хам дар асоси дучониба ва хам дар созмонхои байналмилали зарур аст.

Аз чумла, сухан дар бораи хамкори дар доираи Конвенсия дар бораи манъи силохи биологи ва токсини, инчунин дар майдончахои СММ, СААД, ИДМ ва СХШ мерафт.

Мусохибон ахамияти хамкории минбаъдаро барои пешгирии хатархои марбут ба пахншавии тахдидхои биологи таъкид намуда, омодагии худро барои тахкими хамкори хам дар микёси минтакави ва хам дар микеси чахони изхор намуданд.

Бояд кайд намуд, ки Русия ва Киргизистон муколамаро дар сохаи амнияти биологи фаъолона рушд медиханд. Каблан чонибхо як ёддошти байнихукуматиро имзо намуда буданд, ки чорахои муштаракро барои пешгирии хатархо ва баланд бардоштани сатхи мухофизат аз тахдидхои эхтимолии биологи пешбини мекунад.

Аксхо: : Коллаж АИ Караван Инфо

error: