Ширкати бузурги туркӣ мехоҳад, ки истеҳсоли лубидонаро дар қаламрави Ӯзбекистон афзойиш диҳад
Дар поёни моҳи март ҷойнишини Вазири кишоварзии Ӯзбекистон Алишер Шукуров бо намояндаи яке аз бузугтарин ширкати “Arbel Group”-и Туркия дидан кард.
Аз рӯйи хабари маркази матбуъоти Вазири кишоварзии Ӯзбекистон тарафҳо сохтани барномаҳои дуҷонибаи баланд бардоштани содироти лубидона аз Ӯзбекистон ба Туркияро муҳокима карданд.
Амалӣ кардани чунин барнома ба Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки яке аз бузургтарин таъминкунандаи маҳсулоти лӯбидона дар ҷаҳон шавад. Вилояти Навойӣ яке аз ҷойи хеле мувофиқ барои амалӣ кардани ин нақша мебошад.
Дар навбати худ, А. Шукуров изҳор кард, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодаву дастгири он аст, ки чунин барномаи муҳим ҳар чӣ зудтар амалӣ гардад