Санаи 12 июли соли 2024 дар Санкт-Петербург чаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои узви Иттиходи Давлатхои Мустакил баргузор шуд.

Хайати парлумонии Точикистон бо сарварии Раиси мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Точикистон Махмадтоир Зокирзода низ дар чаласа иштирок намуданд.
Чаласа тахти рохбарии Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои узви Иттиходи Давлатхои Мустакил ва раиси Шурои Федератсияи Мачлиси Федеролии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор шуд. Дар чорабини инчунин рохбарони парлумонхои Озарбойчон, Беларус, Казокистон, Киргизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Чонибхо 18 масъаларо барраси намуданд, аз чумла вазъи бахши Газза ва Низомнома дар бораи макоми нозир дар Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои узви ИДМ. Масъалахои фаъолияти комиссияхои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои узви ИДМ ва омодаги ба чашни 80 — солагии Галаба дар чанги Бузурги Ватани алохида мухокима намуда шуданд.
Илова бар ин, имконияти иштироки нозирони байналмилали аз Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои узви ИДМ дар назорати интихоботи пеш аз мухлати президенти дар Озарбойчон ва интихоботи парлумони дар Беларус барраси карда шуд.
Дар натичаи чаласа Низомнома дар бораи макоми нозир дар Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои узви Иттиходи Давлатхои Мустакил кабул намуда шуд.
Натичахои Фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои узви ИДМ дар соли 2023 чамъбаст карда шуданд.
Аксхо: Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил