Дар доираи сафар ба Вилояти Фаргона президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими огози сохтмони иншооти нави саноати иштирок намуд.
Дар рафти суханронии худ у кайд намуд, ки дар панч соли охир хачми саноат дар Фаргона 1,3 баробар афзуда, содирот кариб 2 баробар афзуда, ба 722 миллион доллар расидааст.

Сармоягузори хамасола меафзояд. Дар соли 2023 1,3 миллиард доллар маблагхои сармоягузори чалб намуда шуданд ва шумораи корхонахо бо иштироки сармояи хоричи ба 470 расид.
Илова бар ин, 110 лоиха ба маблаги умумии 6 миллиард доллари сармоягузории хоричи ва 22 лоихаи махалли ба маблаги 1,1 миллиард доллар амали намуда мешаванд.
«Пештар дар соха хатто шаш лоиха мушкил буд. Имруз мо дар бораи лоихахои 6 миллиард доллар сухан меронем. Чаро? Мо калон шудем, рушд намудем, сармоягузоронро бовар кунондем, шароит фарохам овардем. Мо ин корро идома медихем» гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар Минтакаи озоди Иктисодии «Коканд» такрибан сад лоиха ба маблаги 370 миллион доллар амали намуда шуда, 9 хазор чойи нави кори таъсис дода шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба маблаги 1,5 триллион сум махсулот истехсол ва ба маблаги 60 миллион доллар содирот намуда шуд.
Дар накша аст, ки ин минтакаи саноати дар худуди шахри Кувасай 210 гектар васеъ намуда шавад. Интизор меравад, ки дар он 185 лоиха ба маблаги 1 миллиард доллар амали намуда шавад ва 12 хазор чойи кори таъсис дода шавад. Илова бар ин, дар Коканд минтакаи махсуси саноатии Узбекистон ва Чин бо масохати 230 гектар таъсис дода мешавад.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Узбекистон