Мохи гузашта дар чаласа бо иштироки сарвари давлат бахшида ба рузи чавонон Шавкат Мирзиёев чунин вазифахо гузошт: фарохам овардани имкониятхои иловаги барои фрилансерхо ва васеъ намудани имкониятхо барои чавононе, ки ба содироти хизматрасони ба хорича машгуланд.
Бо ин максад Вазири технологияхои ракамии Чумхурии Узбекистон Шерзод Шерматов бо барномасозон ва фрилансерхои чавон, ки барои ширкатхои хоричи дар вилояти Фаргона кор мекунанд, мулокот намуд. Мулокот дар маркази CoHub-Coworking баргузор шуд.

Дар вохури Вазир бо даххо фрилансерхо ва барномасозони чавон ошкоро сухбат намуд, бо фаъолият ва лоихахои онхо шинос шуд. Аз чумла, Иззатилло Расулчонов дар сохаи UI/UX кор мекунад ва мутахассисон Хикматилло Мадалиев, Оятилло Авазхонов ва Муртазохон Мирзолимов барномахои мобилиро тахия мекунанд.
Чавон Чаъфар Абдумачидов, ки дар як ширкати Швейтсария фосилави кор мекунад, зимни сухбат бо Вазир кайд намуд, ки ширкат дар Узбекистон филиал кушода, кароргохи IT-Паркро ба даст овардааст ва дар айни замон ба мутахассисони бештар ниёз дорад.
Мухаммад Кодир муаллифи такрибан 10 барнома ва лоихахои стартап мебошад, ки ба халли мушкилоти гуногун равона шудаанд. Вай бо лоихахои худ дар зиёда аз 5 озмуни байналмилалии стартапхо иштирок намуд ва дар номинатсияхои гуногун голиб омад. Лоихаи «Эътирофи Брайл», ки барои нобиноён тахия шудааст, аз Чониби Президенти Узбекистон эътироф шуд. Шумораи умумии корбарони ин лоиха беш аз 50 хазор нафарро ташкил медихад.
Вазири технологияхои ракамии Чумхурии Узбекистон Шерзод Шерматов кайд намуд, ки барномасозон Ва фрилансерхо метавонанд фаъолияти худро васеъ кунанд ва даромади худро бо омузиши мутахассисони бештар афзоиш диханд. У ба хамаи чавонон дар фаъолияти минбаъда барори кор орзу намуд.