Санаи 12 июли соли 2024 Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев бо сафири Аморати Муттахидаи Араб дар Чумхури Мухаммад Саид Мухаммад ал-Арики мулокот намуд.
Сарвари давлат ба намояндагони АМА барои иштирок дар саммити созмони Хамкории Шанхай, ки дар Остона баргузор шуд, изхори сипос намуд.

Тибки иттилои хадамоти матбуоти президенти Казокистон, чонибхо татбики созишномахои каблан дар сатхи оли бадастовардаро дар сохахои тичоративу иктисоди ва сармоягузори барраси намуданд. Хамчунин, зарурати идомаи кор дар доираи эъломияи Муштарак дар бораи лоихахои стратегии сармоягузори байни Чумхурии Казокистон ва АМА эълон намуда шуд.
Гайр аз ин, иштирокчиёни вохури дурнамои хамкори дар сохахои энергетика ва наклиёт ва логистика, технологияхои иттилооти ва зехни сунъиро барраси намуданд.
Дар охири мохи майи соли 2023 Президенти Казокистон бо намояндаи калони оилаи хокими аморати Абу-Даби шайх Сурур Бен Мухаммад Ал Нахоян мулокот намуд.

Дар мулокот масъалахои тахкими хамкорихои дучониба барраси шуданд.
Дар анчоми гуфтушунидхо, Касим-Жомарт Токаев ба шайх ордени «Достик» дарачаи I-ро барои сахми бузург дар тахким ва рушди муносибатхои дучониба супорид.
«Ман аз сафари аввали сол ба Аморот ва гуфтушунид бо рохбарияти кишваратон бо хушнуди ёдовар мешавам. Албатта, созишномахои бадастомада ба манфиати халкхои мо хизмат хоханд намуд. Барои Казокистон Аморати Муттахидаи Араб шарики боэътимод ва калидии стратеги дар чахони ислом, кишвари бародар аст, ки моро аз солхои Аввали Истиклолият дастгири мекунад. Мардуми мо хамеша инро кадр хоханд намуд. Аз ин ру, сахми Аморати муттахидаи Араб дар рушди кишвари мо хамчун зухуроти равшани дусти ва хамкории зич арзеби мешавад. Бо истифода аз фурсат, мехохам ба рохбарияти кишвари Шумо изхори миннатдори намоям ва орзухои гармтаринро ба Президенти АМА шайх Мухаммад Бен Заид Ал Нахаян расонам», – кайд намуд Касим-Чомарт Токаев.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Казокистон