Сафири Точикистон дар Русия бо ректори донишгохи давлатии иктисодии Урал мулокот намуд – ИА Караван Инфо
Сафири Точикистон дар Русия бо ректори донишгохи давлатии иктисодии Урал мулокот намуд

Сафири фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон дар Федератсияи Россия Давлатшох Гулмахмадзода бо ректори донишгохи давлатии иктисодии Урал Яков Силин мулокот намуд.

Дар рафти мулокот оид ба масъалахои тайер намудани мутахассисон табодули афкор сурат гирифта, масъалахои таълими донишчуёни точик дар донишгох ва шароити зисти онхо барраси гардид.

Пас аз мулокот Сафир бо донишчуён, чавонон, рохбарони чамъиятхои фархангии Точикистон ва диаспораи точикии Екатеринбург мулокот намуд.

Сафири Точикистон дар бораи рушди ичтимоию иктисодии Точикистон дар мархилаи муосир ва ташаббусхои глобалии Обии Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон, аз чумла эълони Созмони Милали муттахид дар соли 2025 «Соли Байналмилалии хифзи пиряххо», инчунин дастовардхои Чумхури дар сохахои гуногун ва таквияти накши кишвар дар арсаи байналмилали сухан ронд.

Аксхо: Вазорати корхои Хоричии Чумхурии Точикистон

error: