Санаи 11 июли соли 2024 зани аввали Чумхурии Киргизистон Айгул Жапарова дар ифтитохи фестивали XXXIII Байналмилалии санъати «Бозори Славяни» дар шахри Витебск иштирок намуд.
Президенти Чумхурии Беларус Александр Лукашенко шахсан чорабиниро кушод, ки пас аз он гала-консерт бо иштироки ичрокунандагони маъруф ва ситорахои эстрада баргузор шуд.

Аз Киргизистон дар фестивал Раяна Алибаеваи 14-сола иштирок намуд, ки дар даври интихоби голиб омад ва иштирокчи ва чоизадори озмунхои гуногуни байналмилали ва чумхуриявии истеъдодхои кудакон мебошад.
Фестивали «Бозори Славяни» чорабинии байналмилалии харсолаи санъат ва яке аз бузургтарин дар Аврупои Шарки мебошад, ки аз соли 1992 дар Витебск баргузор мешавад. Дар доираи фестивал озмуни овозхонхо ва озмуни мусикии кудакон баргузор мешавад. Дар барнома жанрхои гуногуни мусики, театр, кино, санъати тасвири ва хунархои мардуми мавчуданд.

Дар фестивал хунармандони Кишвархои Аврупои Шарки, Осиеи Маркази, Африко ва дигар кишвархои чахон иштирок намуданд.
Аксхо: KABAR.kg