ОСТОНА, 12 август АИ «Караван Инфо». Бори аввал дар кишвар санаи 23-юми апрел рузи миллии китоб чашн гирифта шуд, ки дар доираи он лоихаи 100 китоб огоз ёфт, ки барои маъмулгардонии адабиёти ватани пешбини шудааст. Аз санаи 23 апрел то санаи 9 август дар портал eGov.kz дар як пурсиши умумимилли зиёда аз 100 хазор нафар аз тамоми минтакахо иштирок намуданд.

Ба руйхати нихои асархои хам классикаи казокистони ва хам муаллифони муосир дохил намуда шуданд. Руйхати пурраи он санаи 11 август дар сайти Курултаи Милли нашр шудааст.
Интихоби санаи эълони натичахо санаи 10 август, рузи таваллуди Абай Кунанбаев, асосгузори адабиёти хаттии казок рамзи аст ва арзиши маънавии ташаббусро таъкид мекунад. Тавре, ки дар хадамоти матбуотии курултаи Милли кайд намуда шуд, “100 китоб” ба рушди иктидори зехнии миллат, тахкими фарханги хониш ва нигох доштани пайдарпаии адаби мусоидат хохад намуд.

Акидаи таъсиси рузи Миллии китоб ба Президенти ЧК тааллук дорад, ки дар чаласаи III курултаи Милли дар Атирау зарурати ташаккули одати устувори хонданро дар чомеа таъкид намуд.
Аксхо: Курултаи Миллии ЧК