شوبات 13, 2026 – ИА Караван Инфо

Футбол ба ҳимояи субот: баргузор гардидани мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе 12 феврал мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол бахшида ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез» баргузор гардид. Мусобиқа дар майдони варзишии «Душанбе Арена» бо иштироки ҷавонони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд. Ин чорабинӣ бо ҳадафи...

Ҷавонон алайҳи хушунат: баргузории акцияи тарғиботӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо терроризми хушунатомез дар ноҳияи Ёвон

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Ба ифтихори 12 феврал — Рӯзи байналмилалии мубориза бо терроризми хушунатомез — бо ибтикори волонтёрони назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия акцияи тарғиботӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон амалҳои террористиро маҳкум менамоем» баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ...

Тақвияти имкониятҳои ҷомеаҳо ва таҳкими оянда: саҳми Ҷопон дар рушди Тоҷикистон

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар Рӯзи иди миллии Ҷопон аҳамияти шарикии устувор ва пайваста миёни Ҷопон ва Тоҷикистон бештар эҳсос мегардад. Солҳои зиёд аст, ки Ҷопон ба Тоҷикистон дастгирии босубот мерасонад ва аз ҷумла тавассути Барномаи рушди СММ (ПРООН) барои ташаккули ҷомеаҳои амн, устувор ва шукуфон дар...

Озмуни шаҳрии «Miss Dushanbe – 2026»: ғолиб 150 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоро соҳиб мешавад

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Бар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва рушди соҳаи муд, инчунин дарёфт ва дастгирии чеҳраҳои нав ва ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, озмуни шаҳрии «Miss Dushanbe – 2026»...

Дар РТСУ маросими ифтитоҳи Турнири байнидонишгоҳӣ по волейбол, бахшида ба пешгирии экстремизм баргузор гардид

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». 11 феврал дар толори варзишии Донишгоҳи Русӣ-Таджикӣ (Славянӣ) маросими расмии ифтитоҳи Турнири байнидонишгоҳӣ по волейбол баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми зӯроварона бахшида шудааст. Ин рӯз ҳар сол 12 феврал таҷлил мешавад. Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми зӯроварона, ки заминаи мусоид барои...

Дар Душанбе семинар оид ба омодасозии Нигариши Миллии ихтиёрӣ дар самти татбиқи Созишномаи ҷаҳонии муҳоҷирати бехатар, тартибдодашуда ва мунтазам баргузор мешавад

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». 11–12 феврал 2026 дар Душанбе семинари дурӯза бо ибтикори Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷирати (ТБМ) ҳамоҳанг бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.  Ҳадафи асосии чорабинӣ омодасозии Нигариши Миллии ихтиёрӣ (DNR) дар самти татбиқи Созишномаи ҷаҳонии муҳоҷирати бехатар, тартибдодашуда ва мунтазам...

Ҷаласаи ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор гардид

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». 9 феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ситодии корӣ таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони сохторҳои дахлдор баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа таъкид шуд, ки паҳншавии малахи марокашӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон...

Пули кишоварзии миёни Евразия: Тоҷикистону Русия корхонаи муштараки содиротиро роҳандозӣ карданд

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия дар бахши кишоварзӣ вориди марҳилаи нави амалӣ гардиданд: корхонаи муштараки кишоварзӣ бо ҳадафи содироти мунтазами маҳсулоти аграрии Тоҷикистон ба бозори Русия таъсис ёфта, пас аз гузаштан аз расмиёти бақайдгирӣ ва санҷишҳои ҳуқуқӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин...

Ихтироъкорони тоҷик дар саҳнаи байналмилалӣ: ҳайати олимон дар Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт пазироӣ гардид

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». 10 феврали соли 2026 ҳайати олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт пазироӣ гардиданд. Ин мулоқот дар заминаи иштироки намояндагони илми ватанӣ дар яке аз бузургтарин форумҳои ихтироъкорӣ дар минтақа баргузор шуд. Аз 8 то 11 феврали соли ҷорӣ...

Муколамаи боз дар Бохтар: Бонки ҷаҳонӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ афзалиятҳои Стратегияи солҳои 2026–2031-ро баррасӣ кард

Душанбе, 13 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бохтар мулоқоти машваратии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 сурат гирифт — санаде, ки самтҳои асосии шарикӣ барои шаш соли ояндаро муайян хоҳад...

error: