شوبات 2026 – پەڕە 5 – ИА Караван Инфо

Ҷаласа назди муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо

Душанбе, 26 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 феврали ҷаласаи назди Муовини Раиси шаҳр, ҳамзамон Раиси Комиссияи шаҳри Душанбе оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо Саломзода Раҳмидин Салом бо иштироки аъзоёни Комиссия баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри...

Башқирдистон мехоҳад намояндагии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон боз кунад ва ҳамкории иқтисодиро густариш диҳад

Душанбе, 26 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Ҳукумати Республики Башкортостан нақша дорад, намояндагии тиҷоратии худро дар Тоҷикистон боз кунад. Ин ташаббус ба устувор кардани ҳамкории дуҷониба, густариш додани алоқаҳои тиҷоратӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак равона шудааст. Дар ин бора сарвари минтақа Радий Хабиров зимни мулоқот бо делегатсияи тоҷик дар шаҳри...

Сафари кории Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистон ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ

Душанбе, 26 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рӯзи 24 феврал бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Бошқирдистон ташриф овард. Дар ин замина, роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши...

Дар Тоҷикистон машваратҳои миллӣ оид ба муқовимат бо истифодаи силоҳ ба мақсадҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Душанбе, 26 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе 23 феврал машваратҳои миллӣ оид ба тақвияти иқтидор дар муқобила бо истифодаи силоҳ ба мақсадҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон, ҳамчунин иштирокчиёни кишварҳои минтақа, ки ба мубодилаи таҷриба ва таҳияи стратегияҳои...

Атласу адрас — рамзи ҳувияти миллӣ: дар Кӯлоб иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» дастгирӣ ёфт

Душанбе, 26 феврал, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» идома дошта, он ба тарғибу эҳёи либоси миллӣ ҳамчун унсури муҳими ҳувияти фарҳангӣ равона гардидааст. Ба ин иқдом донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло низ фаъолона ҳамроҳ шуда, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва...

Варзиш ҳамчун афзалият: Президент ба варзишгарон дастгирии ҳамаҷониба ваъда дод

Остона, 26 феврали соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар маросими ҷоизасупории ҷоизадорони бозиҳои ХХV зимистонаи Олимпӣ Қасим-Жомарт Токаев таъкид намуд, ки рушди варзиши оммавӣ ва касбӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, муваффақиятҳо дар Олимпиадаҳо сатҳи пешрафти кишварро инъикос мекунанд. Қазоқистон аз рӯи шумораи иштирокчиён ҷои...

Ифтихори олимпии кишвар: Токаев ғолиб ва мураббиёни ӯро мукофот дод

Остона, 26 феврали соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Акорда Касим-Жомарт Токаев ба ҷоизадорони бозиҳои ХХV зимистонаи Олимпӣ мукофотҳои давлатӣ супорид. Чемпиони олимпӣ Михаил Шайдоров бо ордени "Барис" дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст. Бо ордени «Достиқ» дараҷаи II мураббӣ - мушовири Алексей Урманов мукофотонида шудааст. Ордени "Қурмет" ба сармураббии дастаи мунтахаби...

Қазоқистон ва Олмон лоиҳаҳои сармоягузориро дар Рӯзи Сармоягузории Қазоқистон баррасӣ намуданд

Франкфурт-На-Майне, 26 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Дар пойтахти молиявии Олмон форуми сармоягузории "Kazakhstan Investment day" баргузор шуд, ки онро бонки KfW ва кумитаи шарқии иқтисоди олмон ташкил намуданд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 намояндаи ширкатҳои олмонӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва институтҳои молиявӣ иштирок намуданд. Вазири саноат ва сохтмони...

Роҳбари ВКХ-и Қазоқистон бо ҷомеаи тиҷоратии бритониё дар Лондон мулоқот намуд

Лондон, 26 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо намояндагони ҷомеаи тиҷоратии бритониё дар Лондон мизи мудаввар баргузор намуд. Дар вохӯрӣ Иҷрокунандаи вазифаи вазири тиҷорат ва савдои Бритониё Крис Брайант, роҳбарияти ширкатҳои BP, Standard Chartered Bank, London Stock Exchange Group, Coventry University, Cardiff University...

Қазоқистон дар ҷаласаҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конфронси безяроқгардонӣ афзалиятҳо пешниҳод намуд

Женева, 26 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбаев дар сегментҳои сатҳи баланди сессияи 61-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конфронси безараргардонӣ дар Женева иштирок намуд. Ашикбоев дар Шӯрои ҳуқуқи инсон ҷонибдории Қазоқистонро ба ҳимояи ҳуқуқи инсон тасдиқ намуд ва дар...

Дар Алмаато мероси эҷодии нависанда Магира Кожахметова пешниҳод намуда шуд

Алмаато, 26 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Дар китобхонаи Миллии Қазоқистон дар Алмаато шаби эҷодӣ бахшида ба 80-солагии нависанда, ходими шоистаи ҶҚ, барандаи ҷоизаи “Алаш” Магира Кожахметова баргузор шуд. Дар чорабинӣ нависандагон, адабиётшиносон, ходимони фарҳанг ва намояндагони ҷомеа иштирок намуданд. Дар шом суханрониҳо дар бораи роҳи эҷодии муаллиф ва...

Қазоқистон ва Исроил ҳамкориро дар навоварӣ ва омодасозии кадрҳо баррасӣ намуданд

Остона, 26 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон Саясат Нурбек бо сафири Исроил Йоав Бистритский мулоқот намуд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар таҳсилоти олӣ ва рушди иқтидори илмӣ - таҳқиқотӣ баррасӣ намуданд. Сафири Исроил дар бораи ташаббусҳои ба нақша гирифташуда хабар дод ва изҳори...

error: