Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (форсӣ: ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد), (апрел 849, Фарғона — вафот 24 ноябр 907, Бухоро)
Аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Давлати Сомониён. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 – волии Бухоро ва солҳи 892 – 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.
Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сарзадани моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири Давлати Сомониён (Мовароуннаҳр) гардид. Хизматҳои таърихии Исмоили Сомонӣ:
-дузду ғоратгарони дохилиро дар давлаташ нест кард;
-ба ҳуҷуми ғоратгаронаи қабилаҳои бодиянишини турк хотима гузошт;
-соҳибистиқлолияти давлати тоҷиконро ба даст даровард;
-тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросонро ба давлати ягона муттаҳид намуд.
Давлати Сомониён, давлати аввалини тоҷикон, ки асри IX дар Мовароуннаҳру Хуросон ба вуҷуд омада буд (875—999). Ба он намояндаи сулолаи Сомониён Аҳмад ибни Асад асос гузошт. Замони мавҷудияти Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи хилофати Аббосиён ба шумор меравад. Дар натиҷаи меҳнати деҳқонон ва ҳунармандон дар мамлакат қувваҳои истеҳсолкунанда ба дараҷаи баланд тараққӣ карданд. Дар ин давра муносибатҳои ҷамъиятии феодалӣ ғалаба карда, раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид, давлати он ба вуҷуд омад ва маданияти моддию маънавии халқ инкишоф ёфт. Ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадимии шарқ — Бухоро, Самарқанд, Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Шумон ва ғ. буд. Ибтидои асри IX дар натиҷаи пурзӯр шудани ҳаракати зидди хилофат Аббосиён маҷбур шуданд, ки ба баъзе вилоятҳо ҳуқуқи худидоракунӣ диҳанд. Дар Мовароуннаҳр намояндагони сулолаи Сомониён пурқувват гардиданд. Давлати Сомониён дар аҳди ҳокимони Мовароуннаҳр Аҳмад ибни Асад ва писари ӯ Наср комилан ташаккул ёфт. Дар давраи Исмоил ибни Аҳмад Давлати Сомониён ба давлати мустақили мутамарказ табдил ёфт. Сомониён охири асри IX ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимони маҳаллиро барҳам дода, тамоми Осиёи Миёнаро ба даст дароварданд. Ҳудуди Давлати Сомониён дар Шимол то дарёи Талас тӯл кашида, дар Ғарб. вилоятҳои Эрони Шимолӣ ва Шарқиро дарбар мегирифт. Мамлакат дар давраи Наср ибни Аҳад (Насри 11) (914—943) ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Махсусан баъди сулҳи байни Абӯалии
Чағонӣ ва бо Нуҳ ибни Наср (январи с.949) Давлати Сомониён ҳамчун давлати мутамарказ ташаккул ёфт.
Сабабҳои асосии таъсисёбии давлати Сомониён :
-Оғози давраи пирӯзии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна.
-Авҷ гирифтани ҷараёни мазҳабии шуубия — ҷараёни оппозитсионӣ нисбат ба ҳукмронии арабҳо.
-Шӯришҳои пай дар паи халқои Осиёи Миёна ба муқобили хилофати Араб.
-Бо қувваи аслиҳа дар сари итоат нигоҳ дошта натавонистани халқҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо.
-Ба умури давлат ҷалб шудани аъёну ашрофи маҳаллӣ (Бармакиён , афшинҳои Истаравшан, Тоҳириён ).
-Ба мухторият соҳиб шудани вилоятҳои шарқии хилофат, аз он ҷумла мулкҳои Хуросон -у Мовароуннаҳр
-Мавқеи мустаҳкам пайдо намудани забони тоҷикӣ дар Хуросон -у Мовароуннаҳр .
-Муттаҳидшавии қавму қабилаҳои эронзабони Осиёи Миёна, суръат пайдо намудани раванди ташаккули халқи тоҷик.
-Ба миён омадани умумияти ҳудуди этникӣ, забонӣ ва фарқангии аҷдоди тоҷикон.
-Мавҷудияти анъанаҳои бои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии форсу тоҷик.