Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми занон иштирок дорад – ИА Караван Инфо
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми занон иштирок дорад

Душанбе, 12 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 9 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иҷлосияи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми занон оғоз гардид.

Дар кори ин иҷлосия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иштирок дорад.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласа раиси кумита Бунафша Файзиддинзода бо маърӯза оид ба пешбурди сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, дар бораи тадбирҳои дастгирии занон дар кишвар, таҳкими ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардон, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин беҳтар намудани дастрасии занон ва духтарон ба таҳсилот, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва адолати судӣ маълумот пешниҳод менамояд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни иҷлосия ба масъалаҳои таъмин ва таҳкими дастрасии ҳамаи занон ва духтарон ба адолати судӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, пешбурди низомҳои ҳуқуқии фарогир ва одилона, бартараф намудани амалияҳои табъизомез ва рафъи монеаҳои сохторие, ки ба иштироки баробари занон халал мерасонанд, аз мавзӯъҳои муҳими муҳокима хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми занон аз 9 то 16 март идома хоҳад ёфт.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки 10 март раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо занону духтарони тоҷик, ки дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои занон ва ҷалби онҳо ба рушди соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷик, новобаста аз макони зист, метавонанд бо ташаббусҳо ва фаъолияти созандаи худ дар муаррифии фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид

error: