Академияи туркӣ 15-солагии таъсисёбии худро дар Остона ҷашн гирифт – ИА Караван Инфо
Академияи туркӣ 15-солагии таъсисёбии худро дар Остона ҷашн гирифт

ОСТОНА, 18 декабр 2025г. – АИ “Караван Инфо”. Дар пойтахти Қазоқистон бахшида ба 15-умин солгарди таъсиси Академияи туркӣ — як созмони байналмилалии илмӣ, ки ба омӯзиши таърих, забонҳо, адабиёт ва мероси фарҳангии халқҳои турк машғул аст, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии ҷашнӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин олимону коршиносони варзидаи соҳаи туркшиносӣ гирди ҳам омаданд. Иштирокчиён нақши назарраси Академияро дар рушди муколамаи илмӣ ва таҳкими робитаҳои башардӯстонаи кишварҳои туркӣ қайд карданд.

Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек бо суханронии табрикӣ баромад намуд. Вай таъкид намуд, ки роҳи 15-солаи академияи Туркӣ марҳилаи муҳим дар густариши ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷаҳони туркӣ, инчунин дар ташаккули фазои умумии зеҳнӣ гардид.

Академияи туркӣ бо ташаббуси Қазоқистон соли 2010 таъсис ёфта, аз соли 2022 ҳамчун созмони комилҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият мекунад. Ба ҳайати он Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия дохил мешаванд, Маҷористон ва Узбекистон мақоми нозир доранд.

Дар доираи чорабинӣ фаъолияти Академия ҷамъбаст намуда шуд ва самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи илмӣ ва таълимӣ муайян намуда шуданд.

Аксҳо: ВМ ТО ҶҚ

error: