Остона, 26 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар минтақаи махсуси иқтисодии “Морпорт Актау” ду лоиҳаи калон бо иштироки сармоягузорони чинӣ ба маблағи 30,7 миллиард тенге оғоз ёфт. Ташаббусҳо ба рушди логистика ва таҳкими иқтидори транзитии кишвар равона намуда шудаанд.

То охири соли 2026 оғози навбати аввали маркази контейнерӣ бо арзиши 20,7 миллиард тенге ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки қобилияти интиқоли бандари аз 70 то 140 ҳазор ДФЭ дар як сол зиёд намуда шавад. Ҳамзамон лоиҳаи “Базаи Актауи занҷираи таъминоти авруосиё” бо нархи 10 миллиард тенге бо имконияти нигоҳ доштани то 5 ҳазор контейнер амалӣ намуда мешавад.
Тибқи арзёбии ассотсиатсияи соҳавӣ, лоиҳаҳо мавқеи бандарро дар хатсайри байналмилалии Транскаспий, ки Чин ва Аврупоро тавассути Қазоқистон, Каспий ва кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ мепайвандад, тақвият медиҳанд.
Аксҳо: Ҳукумати ҶҚ
