Душанбе, 02 январ, 2026 – АИ «Корвон Иттилоот». Анҷоми марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи кӯдаконаи «Тӯби чармин» дар шаҳри Душанбе боз як далели равшани он гардид, ки рушди варзиши оммавӣ ва футболи наврасон дар Тоҷикистон самараҳои назаррас медиҳад. Дар рақобатҳо миёни кӯдакони солҳои таваллудашон 2012–2013 дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и шаҳри Истаравшан қавитарин дониста шуда, соҳиби ҷоми мусобиқа гардид.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоӣ хонандагони Истаравшан бозии муттаҳидона ва босавия нишон дода, дастаи ноҳияи Восеъро бо ҳисоби боварибахши 3:0 мағлуб карданд. Ин пирӯзӣ на танҳо маҳсули маҳорати инфиродии бозигарони ҷавон, балки натиҷаи кори дастаҷамъона ва омодагии пайгирона дар сатҳи мактабӣ арзёбӣ мешавад.
Бозӣ барои ҷойи сеюм низ бо рақобати шадид баргузор гардид. Дастаи МТД шаҳри Хоруғ бар ҳамсолони худ аз гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Натиҷаҳои мусобиқа нишон доданд, ки ҷуғрофияи футболи кӯдакона дар кишвар васеъ гардида, сатҳи рақобатпазирии дастаҳои минтақаҳо пайваста боло меравад.
Дар фарҷоми мусобиқа дастовардҳои инфиродии бозигарони ҷавон низ қадрдонӣ шуданд. Хамидов Абдурахмон (гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов), Худоёрбеков Муҳаммадраҳим (МТД Хоруғ), Юлдошев Аслиддин (МТУ № 10), Исаев Ромиш (МТУ № 1) беҳтарин бозигарони дастаҳои худ эътироф гардиданд. Ба унвони беҳтарин нишонзан Саидзода Муҳаммадюсуф аз дастаи МТУ № 10 сазовор дониста шуд, дар ҳоле ки ҷоизаи беҳтарин бозигари тамоми мусобиқа ба Акрамов Абубакр, намояндаи ҳамон мактаб, супорида шуд.
Мусобиқаи «Тӯби чармин» чун минбари муҳим барои дарёфти истеъдодҳои нав ва ташаккули захираи ояндаи футболи миллӣ арзёбӣ мегардад. Ғалабаи хонандагони Истаравшан нишон дод, ки бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба варзиши мактабӣ ва дастгирии сохторҳои соҳавӣ, минтақаҳо метавонанд бозигарони сатҳи баланд тарбия намоянд. Маҳз чунин мусобиқаҳо пояи рушди устувори футболи Тоҷикистонро дар оянда мегузоранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
