Душанбе, 26 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 феврали ҷаласаи назди Муовини Раиси шаҳр, ҳамзамон Раиси Комиссияи шаҳри Душанбе оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо Саломзода Раҳмидин Салом бо иштироки аъзоёни Комиссия баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе №67 аз 30 январи соли 2026 доир гардид.

Дар ҷаласа нақшаи кори Комиссия барои соли 2026 дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Саломзода Раҳмидин зимни баромади худ таъкид намуд, ки ҳадафи асосии Комиссия коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ, пешгирии талафоти ҷонӣ ва таъмини муҳити бехатар барои сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.
Раиси Комиссия афзуд, ки аъзоёни Комиссия бояд фаъолиятро дар асоси нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда, ҳар се моҳа вазъи садамаҳоро таҳлил намуда, чораҳои иловагӣ андешанд. Ин чораҳо дохил мешаванд: муайян ва бартарафсозии нуқтаҳои садаманок, таъмиру азнавсозии роҳҳо, навсозии аломатгузорӣ ва чароғакҳо, васеъ намудани шабакаи камераҳо ва таҳлили рақамии қоидавайронкуниҳо.
Ҳамзамон, Комиссия бояд ба пешгирӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, машқҳои муштараки наҷотдиҳӣ, таҳияи нақшаи вокуниши фаврӣ, гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, аксияҳои ҷавонон, назорати бехатарӣ дар чорабиниҳои оммавӣ ва омӯзиши ёрии аввалия диққати махсус диҳад. Барномаи иттилоотӣ ва маъракаҳои тарбиявӣ низ бояд мунтазам амалӣ гарданд.
Таъкид гардид, ки иҷрои босифати нақшаи соли 2026 аз масъулиятшиносӣ, ҳамоҳангӣ ва назорати қатъии ҳамаи аъзоён вобаста аст. Ҳадаф ин аст, ки шаҳри Душанбе ба пойтахти бехатар барои ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон табдил ёбад. Роҳбарони сохторҳои аъзои Комиссия вазифадоранд, ки иҷрои бандҳои нақшаро зери назорати доимӣ қарор дода, ҳисоботҳоро тибқи тартиби муайянгардида сари вақт пешниҳод намоянд.
Фото: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
