Доҳа, 03 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Алмаато иқтидори сайёҳиро дар Намоишгоҳи Qatar Travel Mart 2025 дар Доҳа бомуваффақият муаррифӣ намуд. Шаҳр худро ҳамчун як макони тамоми сол барои истироҳати фаъол, wellness – сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ нишон дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдории Алмаато.

Дар доираи намоишгоҳ ҳайат зиёда аз 150 гуфтушунид дар формати B2B анҷом дод ва 36 созишнома бо операторҳои минтақавӣ ва туроператорҳои ҳавопаймоӣ ба имзо расонид. Татбиқи ин созишномаҳо имкон медиҳад, ки беш аз 5 000 сайёҳи кишварҳои гуногунро ба Алмаато ҷалб кунанд.
“Барои сайёҳон аз ин минтақа, табиат таваҷҷӯҳи калидӣ аст ва Алмаато бо кӯҳҳо, кӯлҳо, боғҳои сабз ва иқлими салқини худ дар тобистон ба ин интизориҳо комилан мувофиқат мекунад” гуфт Роҳбари шӯъбаи пешбурди Сайёҳии идораи сайёҳии шаҳр Ачебулан Абихон.
Унсури махсуси барнома роуд – шоу бо иштироки панҷ оператори сайёҳии қазоқистон буд, ки маҳсулоти сайёҳии ба бозори халиҷи Форс нигаронидашударо пешниҳод намуданд. Дар чорабинӣ зиёда аз 130 меҳмон, аз ҷумла намояндагони сафоратхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва ВАО ширкат варзиданд.
Аксҳо: Ҳокимияти Алмаато
