ОСТОНА, 1 май АИ Караван Инфо. 1 май дар Алмаато рузи вахдати Мардуми Казокистон ба таври васеъ чашн гирифта мешавад. Ин сол чашн ба 30-солагии Ассамблеяи халки Казокистон бахшида мешавад ва бо шиори “Бирлиги жараскан Алмаато”баргузор мешавад.

Чашнхои асоси дар майдони Абай дар назди Касри Чумхури баргузор мешаванд. Аз соати 10:30 то 21:00 мехмононро барномаи пурмахсули фарханги, консертхо, флешмобхо ва намоишгохи аксхо интизор аст. Даромадан озод аст.

Аз субх дар сахнаи асоси хунармандони казокистони ва коллективхои этнофарханги баромад мекунанд. Тамошобинонро дуэт L duo, пианист Темирлан Бейсенбай, триои Сатри Diamond, гурухи Дарвешхо ва мехмонони Башкортостан Ay Yola шод хоханд намуд. Консерти рузонаро артисти халкии Казокистон Роза Римбаева ба анчом мерасонад.
Аз соати 12:15 то 16:00 баромадхои иттиходияхои эчоди идома меёбанд тамошобинон раксхои анъанавиро мебинанд, мусикии этники мешунаванд ва дар флешмобхо иштирок мекунанд.
Имшаб намоиши бузурге бо иштироки ситорахои эстрадаи Казокистон баргузор мешавад. Айкин Толепберген, Беркут, Думан Марат, Мархаба Саби ва дигарон ба сахна мебароянд. Огоз соати 19:00.
Илова бар ин, дар ин руз мусобикаи вахдат дар Боги Президенти Аввал ва чорабинихо дар тамоми нохияхои шахр баргузор мешавад.
Аксхо аз манбаъхои кушода