Душанбе, 29 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе 28 январ нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбари ин ниҳод Исфандиёр Саъдулло дар бораи вазъи кунунии соҳаи телекоммуникатсия, сабабҳои паст будани сифати интернети мобилӣ ва нақшаҳои стратегии рушди он то соли 2040 маълумот дод.

Баромад дар доираи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Маҷлиси Олӣ ироа гардида буданд, сурат гирифт. Ин супоришҳо ба зарурати таҳияи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 бо дарназардошти ҳадафҳои дарозмуддати рушди рақамии кишвар равона шудаанд.
Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба он, ки дар доираи стратегия то чӣ андоза сифати алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин мегардад, Исфандиёр Саъдулло иттилоъ дод, ки лоиҳаи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2030 аллакай таҳия шуда, айни замон такмил дода мешавад ва он қисми таркибии стратегияи васеи дарозмуддат то соли 2040 хоҳад шуд.
Тибқи нақшаҳо, пешбинӣ шудааст:
- расонидани сатҳи фарогирии интернети фарохмаҷро то 100 фоиз;
- афзоиши суръати интернети собит (фиксӣ);
- болоравии суръати миёнаи интернети мобилӣ;
- фарогирии 100-фоизаи роҳҳои автомобилгард бо алоқаи стандартҳои 4G ва 5G.
Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти алоқа, то соли 2027 тамоми қаламрави кишвар пурра бо интернети мобилии 4G таъмин мегардад ва то соли 2030 — бо интернети насли панҷум (5G).
Дар Хадамоти алоқа эътироф карданд, ки мушкили паст будани суръат имрӯз асосан ба интернети мобилӣ дахл дорад. Ҳамзамон, дар бахши интернети собит (ноқилӣ), ба гуфтаи ин ниҳод, чунин мушкилот вуҷуд надорад.
Яке аз сабабҳои асосии коҳиши сифати интернети мобилӣ афзоиши босуръати талабот номида шуд. Дар панҷ соли охир ҳаҷми истифодаи интернет дар кишвар 10 маротиба зиёд шудааст — аз 3 ГБ то 30 ГБ, ки ин боиси аз ҳад зиёд бор шудани истгоҳҳои базавӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, соли 2025 суръати интернети собит аз 30 Мбит/с то 40,42 Мбит/с баланд бардошта шуд. Дар ду соли наздик ин нишондиҳанда ба 100 Мбит/с расонида шуданаш дар назар аст.
Ҳамзамон, дар бораи коҳиш ёфтани арзиши хизматрасониҳои интернетӣ чунин иттилоъ дода шуд:
- тарифҳои провайдерҳои интернети ноқилӣ ба ҳисоби миёна то 55 фоиз паст карда шудаанд;
- нақшаҳои тарифие, ки суръаташон аз 30 Мбит/с поён аст, бекор карда шудаанд.
Бо вуҷуди ин, ниҳод эътироф менамояд, ки тасдиқи мустақили беҳтар шудани сифати интернети мобилӣ мушкил аст: истифодабарандагон ҳамоно аз суръати паст ва гаронии хизматрасониҳо шикоят мекунанд ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалӣ паст боқӣ мемонад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2025, шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит дар Тоҷикистон ба 5,2 миллион нафар расид, дар ҳоле ки соли 2024 ин нишондиҳанда 4,5 миллион нафарро ташкил медод.
Аз ин шумора, 5,1 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин дар бораи татбиқи як лоиҳаи муҳими инфрасохтории стратегӣ — кашидани хатти нахи оптикӣ, ки шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистонро мустақиман бо Чин мепайвандад, иттилоъ дода шуд.
Кабели оптикии 48-наха аллакай аз Душанбе то Хоруғ кашида шудааст. Дар марҳилаи навбатӣ хат то марзи Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дода мешавад. Айни замон корҳои сохтмонӣ бинобар шароити номусоиди обу ҳаво дар ноҳияи Мурғоб муваққатан боздошта шудаанд.
Тавре Исфандиёр Саъдулло хабар дод, идомаи сохтмон моҳи марти соли 2026 дар назар дошта шуда, дар давоми як сол кашидани 310 километри боқимондаи кабел пешбинӣ мегардад. Амалисозии лоиҳа имкон медиҳад, ки қобилияти гузарониши каналҳои интернетӣ зиёд шуда, замина барои боз ҳам поин рафтани арзиши хизматрасониҳо фароҳам гардад.
Дар кишвар нақшаи насби истгоҳҳои базавии 5G барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шудааст.
Тибқи ҷадвал:
то охири соли 2026 — фарогирии на камтар аз 15 фоизи аҳолӣ,
то охири соли 2027 — 35 фоиз,
то охири соли 2028 — 50 фоиз,
то охири соли 2029 — 75 фоиз,
то охири соли 2030 — 100 фоизи аҳолии кишвар.
Дар айни ҳол дар Тоҷикистон 84 истгоҳи базавии 5G фаъолият доранд:
77 адад — дар шаҳри Душанбе, яктоӣ — дар Роғун ва Хоруғ, дуто — дар Бохтар ва се адад — дар Хуҷанд.
Омили асосии боздорандаи ҷорӣсозии 5G, ба гуфтаи роҳбари Хадамоти алоқа, дастгирии маҳдуди ин стандарт аз ҷониби дастгоҳҳои истифодабаранда мебошад.
Яке аз ҷузъиёти ҷолиби нишасти матбуотӣ изҳороти марбут ба афзоиши воридоти смартфонҳои муосир буд. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 300 ҳазор адад телефони мобилӣ ворид карда шудааст.
Ба гуфтаи Исфандиёр Саъдулло, Тоҷикистон аз рӯи таносуб ба шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро аз рӯи воридоти iPhone 17 Pro Max — модели флагмании ширкати Apple, ки соли 2025 бароварда шудааст, ишғол намудааст. Теъдоди дақиқи дастгоҳҳои воридшуда мушаххас карда нашудааст.

Ин далел, ба андешаи нозирон, ба таври возеҳ фарқият миёни талаботи рӯзафзуни рақамии аҳолӣ ва имкониятҳои кунунии инфрасохтори телекоммуникатсиониро нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, Хадамоти алоқа муҳлатҳо ва параметрҳои ҳадафноки навсозии соҳаро муайян карда, ваъда дод, ки дар солҳои наздик фарогирии пурраи қаламрави кишвар бо стандартҳои муосири алоқа таъмин карда мешавад. Бо ин вуҷуд, муваффақияти татбиқи стратегия то андозае аз суръати таҷдиди инфрасохтор, фаъолиятҳои сармоягузории операторон ва қобилияти низоми алоқа барои ҷавобгӯ будан ба истеъмоли босуръат афзояндаи рақамӣ вобаста хоҳад буд.
АКС: Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
