Ҷамъбасти мусобиқаи волейбол ба ифтихори Рӯзи Модар – ИА Караван Инфо
Ҷамъбасти мусобиқаи волейбол ба ифтихори Рӯзи Модар

Душанбе, 12 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» ҷамъбаст гардид.

Мусобиқа аз 14 феврал то 10 март соли 2026 дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 баргузор шуд. Дар он 40 даста бо фарогирии 600 нафар бонувон аз вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар байни бонувони ғайрикасбӣ ҷойҳои аввалин бо натиҷаҳои зерин муайян гардиданд:

Ҷойи якум – дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ҷойи дуюм – дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе;

Ҷойи сеюм – дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе;

Ҷойи чорум – дастаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар гурӯҳи дастаҳои касбӣ натиҷаҳо чунин буданд:

Ҷойи якум – дастаи бонувони волейболи шаҳри Душанбе-1;

Ҷойи дуюм – дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

Ҷойи сеюм – дастаи вилояти Суғд;

Ҷойи чорум – дастаи Душанбе-2.

Ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе ва сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим бо Ҷом, медал, диплом ва мукофоти пулӣ тақдир шуданд. Ҳаққи ҷойҳои якум 18170 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 15620 сомонӣ, ҷойҳои сеюм 10520 сомонӣ ва ҷойҳои чорум 5000 сомонӣ буд, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ҷудо гардида буданд.

Илова бар ин, дастаҳое, ки дар мусобиқа иштироки фаъолона намуданд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ин чорабинӣ на танҳо эҳтироми Рӯзи Модарро ифода кард, балки саҳми варзиш ва дӯстии байни бонувонро тақвият дод, инчунин саҳнаи волейбол дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳоро муаррифӣ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

error: