Душанбе, 20 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 26 январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи анъанавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мешавад, ки ба ҷамъбасти фаъолияти онҳо дар соли 2025 бахшида шудааст. Ин шакли ҳисоботдиҳӣ дар фазои ошкоро бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамчун абзори муҳими огоҳсозии ҷомеа аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои НИАТ «Ховар», дар нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории нишастҳои матбуотӣ аз 26 январ то 13 феврал идома меёбад. Дар ин давра роҳбарон ва масъулони сохторҳои давлатӣ ҳисоботи фаъолияти солонаро пешниҳод намуда, дар бораи нишондиҳандаҳои асосӣ, дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки минбаъда маълумот медиҳанд.
Ба масъалаи ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Шахсони масъули вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, уҳдадоранд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо НИАТ «Ховар» пешакӣ мувофиқа намоянд.
АКС: АМИТ «ХОВАР»
