Ғамхорӣ дар амал: ҷаласаи сайёри вазири энергетика дар мактаб-интернати кӯдакони ятим дар Хатлон – ИА Караван Инфо
Ғамхорӣ дар амал: ҷаласаи сайёри вазири энергетика дар мактаб-интернати кӯдакони ятим дар Хатлон

Душанбе, 11 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 6 феврали соли 2026 дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукур дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин сафар танҳо хусусияти корӣ надошт, балки боз як намунаи татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии давлат дар самти дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ба шумор меравад.

Дар ҷараёни сафар вазир ва ҳайати ҳамроҳ аз ҳолати инфрасохтори муассиса — биноҳои хобгоҳ, ошхона, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаҳои таълимӣ, ташнобу ҳаммом, толор ва майдони варзишӣ — дидан карданд. Арзёбии воқеии шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагон замина фароҳам овард, то масъалаҳои ҳалталаб дар маҳал баррасӣ ва қарорҳои мушаххас қабул карда шаванд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади беҳтарсозии шароити зиндагии кӯдакон, соли ҷорӣ як қатор биноҳои муҳими муассиса — аз ҷумла хобгоҳ, ошхона, китобхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ, ки аз се ошёна иборатанд, бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин карда шуданд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи бароҳатӣ ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои таълим ва тарбия мусоидат менамояд.

Зимни ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон, кӯдакони бепарастор ва ашхоси имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, зарур аст, ки биноҳои муассиса аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои тарбиятгирандагон шароити боз ҳам беҳтари зисту таҳсил фароҳам оварда шавад.

Дар ҳамин замина ба масъулин супориш дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат лоиҳаи таъмири асосии биноҳои зикршуда таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ оғоз карда шаванд. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти муассиса бо неруи барқ ва коҳиши хароҷоти энергетикӣ, насби панелҳои офтобӣ дар ҳудуди мактаб-интернат ба нақша гирифта шудааст, ки ба талаботи рушди «энергияи сабз» мутобиқ мебошад.

Тибқи иттилои роҳбарияти муассиса, айни ҳол дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукур 102 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Қарорҳои қабулшуда дар доираи ин ҷаласа метавонанд ба беҳтар шудани сифати зиндагӣ ва ояндаи иҷтимоии онҳо таъсири мусбат расонанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: