АФҒОНИСТОН, 5 январи соли 2026 – Агентии иттилоотии Караван Инфо. Муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад вазъи занон дар Афғонистонро нигаронии ҷиддӣ номид ва аз кишварҳо даъват кард, ки дар бораи муносибати табъизкорона нисбат ба занони афғон аз ҷониби Толибон садо баланд кунанд.

Амина Муҳаммад дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки миллионҳо занон ва духтарон дар Афғонистон аз ҳуқуқҳои асосии таҳсил, кор, амният ва озодии ҳаракат маҳруманд ва бо маҳдудиятҳои шадид рӯбарӯ ҳастанд.
Амина Муҳаммад таъкид кард:
«Ҷаҳон набояд аз ин маҳдудиятҳо чашм пӯшад».
Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, миллионҳо духтарон ва занон таҳти маҳдудиятҳои шадид қарор гирифтаанд, ки дастрасии онҳоро ба таҳсил, кор, амнияти шахсӣ ва иштироки фаъол дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ маҳдуд мекунанд.
Дар ин робита, гузориши нави Институти сулҳ, амният ва занони Донишгоҳи Ҷорҷтаун нишон медиҳад, ки Афғонистон аз рӯи мақоми занон дар байни 188 кишвари ҷаҳон дар ҷои охирин қарор дорад. Ин вазъият аз замони ба сари қудрат омадани Толибон маҳдудиятҳои ҷиддии ҳуқуқ, амният ва имкониятҳои иҷтимоии занонро инъикос мекунад.
Дар гузориш, ки вазъи занонро дар се самти асосӣ – иштирок, адлия ва амният – арзёбӣ мекунад, қайд шудааст, ки занони афғон аз ҷиҳати амният ва дастрасӣ ба адлия дар сатҳи пасттарин дар ҷаҳон қарор доранд.
Акс: UN News/ Л. Фелипе
