Ҳамоҳангсози доимии СММ ба занони ҷавони соҳаи илм даъват ба ҷасорат ва эҷодкорӣ кард – ИА Караван Инфо
Ҳамоҳангсози доимии СММ ба занони ҷавони соҳаи илм даъват ба ҷасорат ва эҷодкорӣ кард

Душанбе, 19 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, ба занони ҷавони олим, муҳаққиқ ва донишҷӯён муроҷиат намуда, таъкид кард, ки илм ба кунҷковӣ, эҷодкорӣ ва ҷасорати онҳо ниёз дорад.

Ӯ зикр намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ба имкониятҳои онҳо эътимод дорад ва ҳамкориро бо ҳамаи шарикон ҷиҳати дастгирии орзу ва ҳадафҳои онҳо тавассути сиёсати фарогир ва иқдомҳои амалӣ идома хоҳад дод.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм, Ҳамоҳангсози доимии СММ инчунин ҳамкории мустаҳкам байни Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро таъкид намуд.

Ӯ зикр кард, ки барои таъмин намудани фарогирӣ, пешбурд ва афзоиши иштироки занон ва духтарон дар соҳаи илм, технология, муҳандисӣ ва математика тағйироти низомӣ зарур мебошад.

АКС: Барномаи Рушди СММ

error: