Андичароғ — шаҳраки куҳанбунёди Хутали қадим аз зери хок эҳё мегардад – ИА Караван Инфо
Андичароғ — шаҳраки куҳанбунёди Хутали қадим аз зери хок эҳё мегардад

Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кормандони Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки қадимаи асримиёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ-ро бозёфт намуданд.

Тавре директори Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иттилоъ дод, маркази асосии ин шаҳрак тақрибан 14 гектар масоҳат дошта, дар натиҷаи ҳафриётҳои аввалия беш аз 100 бозёфт аз соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ — нумизматикӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва оҳангарӣ пайдо гардиданд.

Дар ин мавзеъ инчунин осори хоҷагидорӣ, аз ҷумла сангҳои осиё — ҳам дастӣ ва ҳам обӣ, ки бо маҳорати баланд суфта шудаанд, ёфт шудаанд. Дар байни бозёфтҳо сиккаҳои қадим низ ҷой доранд, ки айни ҳол таҳти омӯзиши мутахассисони соҳаи таърих қарор доранд.

Ба гуфтаи Шералӣ Хоҷазода, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, шаҳри Андичароғ дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар пояи кӯҳи Варвалак (ё Варвализи қадим), воқеъ байни ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин ҷойгир будааст.

Дар ин мавзеъ инчунин маркази таълимӣ (мадраса) ёфт шудааст, ки аз он ҷузъҳои ороишӣ ва намунаҳои кандакорӣ пайдо гардидаанд. Махсусан сарсутунҳои чӯбин бо кандакории нозук ва навиштаҷот далолат медиҳанд, ки сокинони Хутали қадим ба ҳунари меъморӣ ва ороишгарӣ таваҷҷуҳи хос доштанд.

Бино ба андозаҳои сарсутунҳои ёфтшуда, тахмин меравад, ки баландии бинои асосӣ на камтар аз 6 метр будааст. Ин далел аз сатҳи баланди ҳунари меъморон ва кандакорони он давра шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ёдгориҳои фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд. Эҳёи бозёфтҳои нав дар ин минтақа идомаи мантиқии он равандест, ки ба ҳифз ва омӯзиши таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон нигаронда шудааст.

«Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз ҳазорсолаҳо ёдгориҳои таърихии кишвар аз нав эҳё мегарданд. Ин ҳама барои эҳёи ҳисси ифтихор, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги гузаштагон равона шудааст», — афзуд Шералӣ Хоҷазода.

Ҳунармандии Хутали қадим — бахше ҷудонашавандаи фарҳанги тоҷикон мебошад. Бозёфтҳои охир далел медиҳанд, ки санъати кандакорӣ ва меъморӣ дар ин минтақа аз замонҳои дур рушд ёфта, ба як анъанаи устувори миллӣ табдил ёфта буд.

Таҳқиқи ин бозёфтҳо метавонад дар фаҳмиши таърихи шаҳрсозӣ, меъморӣ ва рушди ҳунарҳои мардумии тоҷикон саҳми бузург гузорад.

Эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ на танҳо аҳамияти илмӣ, балки маънавӣ низ дорад. Он дар таҳкими руҳи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

Андичароғ — шаҳре, ки пас аз ҳазорсолаҳо аз зери хок бархест, имрӯз ба рамзи пайванди наслҳо ва нишонаи пояндагии фарҳанги тоҷикон табдил ёфтааст.

Акс: Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати ҶТ

error: