“АнтионкоРАН-М” – и Русия аз мархилаи аввали озмоишхо бомуваффакият мегузарад – ИА Караван Инфо
"АнтионкоРАН-М" - и Русия аз мархилаи аввали озмоишхо бомуваффакият мегузарад

Доруи “АнтионкоРАН-М”, аввалин доруи генотерапевтии гайривирусии Русия барои табобати саратон, мархилаи аввали озмоишхои клиникиро бомуваффакият ба анчом расонида, барои беморони тамоми чахон имкониятхои нав фарохам овард.

Ин дору аввалин доруе буд, ки аз Вазорати Тандурустии Русия барои гузаронидани тадкикоти клиники ичозатнома гирифт. Дар мархилаи аввал, ки ду сол давом намуд, 13 бемори аз 30 то 78-сола бехатарии доруро бидуни таъсири чиддии гайриасоси тасдик намуданд. Гузашта аз ин, баъзеи онхо ба табобат посухи мусбат доштанд, гарчанде ки беморон аллакай аз бисёр хатхои терапевти гузаштаанд ва хамаи табобатхои стандартиро ба поён расониданд.

Мархилахои зерини тадкикот ба арзёбии самаранокии “АнтионкоРАН-М” бар зидди намудхои гуногуни варамхо ва таъсири он ба гурухи васеи беморон равона намуда мешаванд. Аллакай бастаи хуччатхо барои гирифтани ичозат барои гузаронидани мархилаи дуюми озмоишхои клиники пешниход намуда шудааст.

error: