Ҳар сеюмин хатмкунандаи донишгоҳи тиббӣ дар деҳа кор интихоб намуд – ИА Караван Инфо
Ҳар сеюмин хатмкунандаи донишгоҳи тиббӣ дар деҳа кор интихоб намуд

ОСТОНА, 01 январ АИ «Караван Инфо». Соли 2025 беш аз сеяки хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббии Қазоқистон дар ташкилотҳои тиббии деҳот фаъолияти худро оғоз намуданд. Аз 10,5 ҳазор мутахассисони ҷавон 34% — и онҳо ба деҳот ва минтақаҳои дурдаст фиристода шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш қариб ду баробар зиёд аст.

Афзоиши шавку хавас ба кори махаллӣ бо вусъат додани тадбирхои дастгирии давлатӣ алокаманд аст. Барномаҳои дастгирии молиявӣ, манзилӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ барои табибони ҷавон ва мутахассисони соҳаҳои камёб вуҷуд доранд. Ин имконият дод, ки нарасидани кадрхо хеле кам карда шавад: шумораи духтурони зарурӣ 20 фоиз, коркунони миёнаи тиббӣ — 7 фоиз, дар кишлокчойхо — 16 фоиз кам шуд. Ба мутахассисоне, ки ба деҳот барои кор омадаанд, пардохтҳои бардошта, қарзҳои имтиёзноки манзил, иловапулӣ ба музди меҳнат ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ дода мешаванд. Тадбирҳои муассиртарин таъмини манзил, дастгирии ихтисосҳои нодир ва 25 фоизи иловапулӣ ба маош эътироф намуда шудаанд.

Дар даҳ моҳи сол на камтар аз 8,5 миллион тенге 298 духтур ва 596 корманди тиббӣ бо манзил таъмин намуда шуданд.

Аксҳо: Донишгоҳи Тиббии Остона

error: