Остона, 9 феврали соли 2026-АИ «Караван Инфо». Қариб 1 770 тонна тухми зағир аз Қазоқистон тавассути нақлиёти роҳи оҳан ба Чин интиқол дода мешавад. Партияи бор ба шаҳри Инчуан, маркази маъмурии ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй расид.

Пас аз убури сарҳади чин ва қазоқистон тавассути ГНС Хоргос, тухмҳо дар режими бондӣ ба парки боркашонии ҷанубии маркази логистикии роҳи оҳани Инчуан оварда шуданд.
Сипас тухми зағирро бо нақлиёти автомобилӣ ба минтақаи комплексии бондии шаҳр интиқол доданд, ки дар он ҷо коркарди онҳо амалӣ намуда мешавад.
Фурӯши равғани зағири истеҳсолшуда дар бозорҳои шаҳри Инчуан ва ноҳияҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шудааст. Ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй яке аз минтақаҳои калидии Чин оид ба коркард ва истеъмоли тухми зағир мебошад.
Ба ақидаи намояндагони соҳа, роҳандозии хатсайрҳои роҳи оҳан байни Чин ва Кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон дод, ки мӯҳлатҳо ба таври назаррас коҳиш дода шаванд ва арзиши интиқоли фаромарзӣ коҳиш ебад. Он инчунин таъминоти устувори ашеи хомро барои корхонаҳои комплекси агросаноатӣ таъмин менамояд.
Сурат: ВК ҶҚ
