Душанбе, 23 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон таҷлили 33-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ баргузор мегардад. Ин сана имрӯз рамзи таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва таъмини амнияти кишвар маҳсуб меёбад.

Тавре дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, дар саросари мамлакат силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мешавад, ки нақши артишро ҳамчун такягоҳи субот ва амнияти миллӣ таъкид менамояд.
Маросимҳои асосӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён доранд. Дар Вазорати мудофиа маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад. Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардида, барномаи идонаи консертӣ баргузор мегардад.

Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт — боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ирам», боғи фарҳангӣ-фароғатии «Фирдавсӣ», боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир», боғи фарҳангӣ-фароғатии «Мироненко», инчунин дар марказҳои маъмурии вилоятҳо барномаҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар қисмҳои низомӣ «Рӯзи дарҳои кушод» ҷараён дорад. Ҷавонони синни даъватӣ бо шароити хизмат, ҳаёти ҳаррӯза ва имкониятҳои техникии артиш шинос мегарданд. Ҳамзамон чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз сутунҳои асосии амнияти миллӣ фаъолият мекунанд. Чорабиниҳои ҷашнӣ ба таҳкими омодабошии ҷангӣ, боло бурдани сатҳи маърифат ва тарғиби ғояҳои ҳифзи марзҳои давлатӣ мусоидат менамоянд.
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз нишонаи суботи давлат ва ваҳдати миллӣ мебошад.
АКС: Радио “Садои Душанбе”
