Қатар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба кумаки фаврии башардӯстона ба Афғонистон тамаркуз кунанд – ИА Караван Инфо
Қатар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба кумаки фаврии башардӯстона ба Афғонистон тамаркуз кунанд

АФҒОНИСТОН, 30 январи соли 2026 – Агентии иттилоотии Karavan Info. Вазири давлатии Қатар оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Марям бинт Алӣ бин Носир ал-Миснад, бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Афғонистон, Индрика Ратватте, мулоқот кард. Мавзӯи асосии музокирот зарурати густариш ва суръат бахшидан ба кумаки башардӯстона ба Афғонистон буд.

Тибқи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қатар, ин мулоқот дар доираи сафари расмии сафири СММ ба Доҳа баргузор гардид. Ҷонибҳо ҳамкории кунунӣ байни Давлати Қатар ва СММ, инчунин роҳҳои тақвият ва густариши онро, бахусус дар соҳаҳои кумаки башардӯстона ва рушд дар Афғонистон, баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот, ҷониби Қатар таъкид кард, ки Доҳа минбаъд низ як платформаи муҳими байналмилалии муколама боқӣ хоҳад монд ва ҳамчун шарики логистикӣ, сиёсӣ ва башардӯстонаи СММ дар мусоидат ба рисолатҳои он дар Афғонистон нақш хоҳад бозид.

Марям бинти Алӣ бин Носир ал-Миснад инчунин пуштибонии бечунучарои Қатарро аз мардуми Афғонистон таъйид карда, аҳамияти талошҳои пайвастаи ҷомеаи ҷаҳониро барои расонидани кумаки башардӯстонаи фаврӣ, инчунин дастгирии соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии кишвар қайд кард.

Вазорати корҳои хориҷии Қатар афзуд, ки ин сафар қисми талошҳои пайвастаи Доҳа барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва саҳмгузорӣ дар устуворӣ ва беҳбуди вазъи башардӯстона дар Афғонистон мебошад.

Акс: arabnews24

error: