Душанбе, 26 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» идома дошта, он ба тарғибу эҳёи либоси миллӣ ҳамчун унсури муҳими ҳувияти фарҳангӣ равона гардидааст. Ба ин иқдом донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло низ фаъолона ҳамроҳ шуда, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мероси таърихии миллатро ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи иқдом донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллии атлас, адрас ва чакан баромад намуда, пайванди наслҳоро бо решаҳои маънавии миллат таҷассум карданд. Иштироки онҳо хусусияти рамзӣ надошта, балки ифодаи ифтихор аз фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон буд.
Чорабинӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардида, донишҷӯён зимни сайру гашт гуногунрангӣ ва зебоии либоси миллиро муаррифӣ намуданд. Ҳузури ҷавонон бо сарулибоси миллӣ гувоҳи он аст, ки мероси фарҳангӣ барои насли имрӯз низ арзишманд ва зинда боқӣ мемонад.
Либоси миллӣ аз қадим яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, на танҳо ҷузъи сарулибос, балки рамзи хотираи таърихӣ, завқи зебоишиносӣ ва арзишҳои ахлоқии миллат мебошад. Таърих шаҳодат медиҳад, ки зани тоҷик — модар ва нигаҳбони оила — дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат будааст.
Маҳз тавассути либос симои фарҳангии миллатҳо таҷассум меёбад. Барои ҷомеаи тоҷик атласу адрас ва чакан на танҳо матоъу нақшу нигор, балки ифодаи ҷаҳонбинӣ, ҳамоҳангӣ ва арҷгузорӣ ба асолати миллӣ мебошанд.
Дар шароити имрӯз тарғиби либоси миллӣ аҳамияти хоса касб намудааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад. Дастгирии пайвастаи арзишҳои миллӣ ба таҳкими симои фарҳангии кишвар мусоидат мекунад.

Иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» дар ин замина на танҳо як маърака, балки равандест иҷтимоӣ, ки ба таҳкими ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бедории ҳисси ифтихори ватандорӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.
АКС: аз саҳифаи рӯзномаи «Халон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ
