Аудит мушкилоти чиддиеро, ки рушди агросектори Казокистонро бозмедорад, ошкор намуд – ИА Караван Инфо
Аудит мушкилоти чиддиеро, ки рушди агросектори Казокистонро бозмедорад, ошкор намуд

Казокистон, 1 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Палатаи олии аудитории Казокистон дар чараёни аудити давлати истифодаи бесамари 66,2 миллиард тенге дар сохаи амнияти озукавори ва як катор мушкилоти системавиро ошкор намуд, ки рушди мачмуи агросаноатии кишварро бозмедоранд.

Аудит номувофикатии хуччатхои стратеги, риоя накардани нишондихандахои максадноки худтаъминкунии озукавори ва мониторинги заифи захирахои молхои озукавори нишон дод.

ВАП кайд мекунад, ки сатхи худтаъминкуни аз руи намудхои асосии махсулот аз 80% камтар боки мемонад ва усули хисобкунии истифодашуда меъерхои физиологии истеъмолро ба назар намегирад. Илова бар ин, дар кишвар то хол системаи автоматикунонидашудаи бахисобгири ва назорати захирахои озукавори чори намуда нашудааст, ки ба эътимоднокии маълумот дар бораи мавчудият ва харакати онхо таъсири манфи мерасонад.

Мушкилот инчунин дар сохаи амнияти байтори ва фитосанитари ба кайд гирифта шудаанд:

  • Зиёда аз 87% лабораторияхои байтори аз руи стандартхои байналмилали аккредитатсия нашудаанд.
  • Хангоми хариди дорухои байтори ба маблаги зиёда аз 396 миллион тенге конуншиканихо ошкор намуда шуданд.
  • Танхо 24 аз 101 нуктаи сархади бо системаи назорати фитосанитари мучаххаз намуда шудаанд.

Суръати хеле пасти афзоиши иктидори илмии кишоварзи низ кайд намуда шудааст. Дар соли 2023 нишондихандаи дахлдор хамаги 0,26% ММД-ро ташкил дод. Татбики нокифояи корнамудхои илми дар амал навсозии сохаро хеле суст мекунад.

Аудит инчунин банакшагирии бесамари маблагхои бучетиро ба маблаги зиёда аз 179 миллион тенге ва истифодаи гайримаксадноки онхоро ба маблаги 66,2 миллиард тенге мукаррар намуд. Дар баробари ин, дар натичаи чорахои андешидашуда аз чониби объектхои аудитшаванда ба дороихои давлати 4,4 миллиард тенге чуброн намуда шуд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: