Ҷавонони Тоҷикистон — пешоҳанги созандагии НБО «Роғун» – ИА Караван Инфо
Ҷавонони Тоҷикистон — пешоҳанги созандагии НБО «Роғун»

Душанбе, 24 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 ноябри соли равон чорабинии бузурги тарбиявию ватандӯстона таҳти унвони «Ҷавонон — созандаи НБО “Роғун”» баргузор гардид. Иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиа ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода ташкил шуд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва боло бурдани маърифати ҷавонон оид ба лоиҳаҳои бузурги созандагии кишвар мебошад. Дар маркази таваҷҷуҳ нақши вижаи ҷавонон дар амалисозии тарҳҳои муҳим, аз ҷумла иншооти азими энергетикии аср — НБО «Роғун» қарор дошт.

Дар ҷараёни сафар роҳбарият ва гурӯҳи ҷавонон аз раванди корӣ ва марҳилаҳои амалисозии Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуда, бо мутахассисон ва сарбозоне, ки дар иншооти азими аср фаъолият доранд, мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Зимни боздид паҳнои корҳо ва аҳамияти стратегӣ доштани ин неругоҳ ба ҳайси манбаи устувори энергияи кишвар ба иштирокчиён муаррифӣ гардид.

Дар доираи чорабинӣ 320 нафар сарбоз, ки дар сохтмони НБО «Роғун» саҳми арзанда гузошта истодаанд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом ифодагари эҳтиром ба заҳмати содиқонаи онҳо мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ санъаткорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода барои афсарону сарбозон барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш доданд, ки ба рӯҳияи миллӣ ва созандагӣ ҳусни тоза бахшид.

error: