Душанбе, 28 июн, – АИ «Караван инфо». Бо максади такмили сиёсати фискали ва танзими фаъолияти иктисодии хоричи Хукумати Чумхурии Точикистон барои содироти як катор намудхои маъдан, консентратхо ва хайвоноти кишоварзи бочи содироти дар хачми 10% чори намуд.

Тибки карори Хукумат, ки Президенти мамлакат Эмомали Рахмон имзо намудааст, коидахои нав аз 1 июли соли 2025 эътибор пайдо мекунанд.
Аз чумла, боч ба категорияхои зерин татбик намуда мешавад:
- маъданхои металли ва консентратхо – мис, никел, кобалт, алюминий, сурб, синк, калам, хром, волфрам, уран ва гайра;
- хайвоноти кишоварзи – аспхо, хархо, чорвои калон, бузхо, гусфандон ва паррандаи зинда.
Хамин тарик, содироти ашёи хом ва амволи зиндаи кишоварзи тахти назорати иловагии андоз карор хохад гирифт.
Инчунин, ёдовар мешавем, ки каблан бо карори хукумат барои воридоти смартфонхо ва телефонхои мобили 20 евро бочи гумруки мукаррар шуда буд, ки он низ аз 1 июл эътибор пайдо мекунад. То ин лахза чунин дастгоххо бе пардохти боч ба каламрави кишвар ворид намуда мешуданд.
Тадбирхои нав ба кохиш додани ихрочи захирахои аз чихати стратеги мухим, дастгирии саноати коркард ва таъмини амнияти озукавори ва технологии кишвар нигаронида шудаанд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода