Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Лахш кори фаҳмондадиҳӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ба таври густурда ҷараён дорад. Гурӯҳи коршиносони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо бо аҳолӣ баргузор карданд, ки дар доираи барномаи «Аз деҳа то деҳа» ва «Аз маҳалла то маҳалла» сурат гирифтанд.

Ҳадафи асосии вохӯриҳо — ошно намудани аҳолӣ бо қонунҳои муҳимми кишвар: «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мебошад.
Дар ҷараёни вохӯриҳо на танҳо масъалаҳои ҳуқуқӣ, балки мавзӯъҳои иҷтимоии муҳим низ баррасӣ шуданд: истифодаи самараноки замин, сарфаи нерӯи барқ, таҳкими оилаҳои ҷавон, тарбияи худшиносии миллӣ дар миёни наврасону ҷавонон. Намояндагони мақомот таъкид карданд, ки ҷавонон асоси таҳкими истиқлолият ва суботу осоиштагӣ мебошанд, зеро нерӯи онҳо, дониш ва иқтидори эҷодӣ дар рушди ҷомеа ва ободии Ватан нақши ҳалкунанда доранд.
«Ояндаи миллат ба он вобаста аст, ки мо кадом арзишҳоро ба фарзандон ва ҷавонон меомӯзонем», — таъкид шуд дар вохӯриҳо. Аҳолӣ ташвиқ гардид, ки дар ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣро ташаккул диҳанд ва ҳамзамон бо ифротгароӣ, хурофот ва ақидаҳое, ки рушди кишварро монеъ мешаванд, мубориза баранд.
Мавзӯъҳои пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, корҳои ободонию тозагӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ низ баррасӣ гардиданд.
Барномаи «Аз деҳа то деҳа» ва «Аз маҳалла то маҳалла» дар ноҳияи Лахш кӯмак мекунад, ки нерӯи аҳолӣ ва мақомот барои таҳкими дониши ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди ҳамоҳанг ва муттаҳиди ҷомеа якҷоя фаъолият намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш
