Душанбе, 28 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бустон вилояти Суғд машварати машваратӣ оид ба масъалаҳои огоҳсозии аҳолӣ дар самти таъмини амнияти радиатсионӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори Агентии бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, ба таҳкими фарҳанги амният дар минтақаҳое равона шудааст, ки дорои мероси саноати уран мебошанд.

Дар кори машварат намояндагони касбу кори гуногун аз чанд ҷамоати шаҳрҳои Бӯстон ва Истиқлол иштирок намуданд. Ин тарҳи фарогир имкон дод, ки масъала аз ҷанбаҳои гуногун — ҳам аз нуқтаи назари назорати техникӣ ва ҳам аз нигоҳи сатҳи огоҳии аҳолӣ — мавриди баррасӣ қарор гирад.
Масоили назорати сатҳи радиатсия, қоидаҳои рафтор дар минтақаҳои эҳтимолан хатарнок, истифодаи воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва аҳамияти муоинаҳои мунтазами тиббӣ дар меҳвари муҳокима қарор доштанд. Таваҷҷуҳи махсус ба хвостгоҳҳои урании воқеъ дар ҳудуди шаҳраки Адрасмон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равона гардид, ки дар онҳо миқдори зиёди партовҳои саноатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Коршиносон таъкид намуданд, ки пойдории низоми амнияти радиатсионӣ пеш аз ҳама ба сатҳи дониш ва масъулияти шаҳрвандон вобаста аст. Аз ин рӯ, баргузории чунин машваратҳо на танҳо шакли табодули иттилоъ, балки василаи муҳими пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист ба ҳисоб меравад.
АКС: Агентии бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
