Аз моҳи феврал дар Қазоқистон тамғагузории ҳатмии равғанҳои муҳаррикӣ ҷорӣ намуда мешавад – ИА Караван Инфо
Аз моҳи феврал дар Қазоқистон тамғагузории ҳатмии равғанҳои муҳаррикӣ ҷорӣ намуда мешавад

Остона, 16 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Аз моҳи феврали соли 2026 дар Қазоқистон тамғагузории ҳатмии рақамии равғанҳои муҳаррикӣ ҷорӣ намуда мешавад. Дар ин бора Вазорати энергетикаи ҶҚ хабар дод.

Ҳама истеҳсолкунандагон, воридкунандагон ва фурӯшандагон бояд дар системаи Иттилоотии тамғагузорӣ ва пайгирии мол сабти ном шаванд. Режими назорати пурраи занҷири таъминот аз санаи 1-уми феврали соли 2027 оғоз меёбад.

Ҳадафи навоварӣ ҳифзи истеъмолкунандагон аз маҳсулоти қалбакӣ ва баланд бардоштани шаффофияти бозор мебошад. Ҳар як канистр рамзи беназири рақамии Data Matrix хоҳад дошт.

Аксҳо: freepik / Drazen Zigic

error: