Душанбе, 14 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон дар харитаи варзишии Осиё боэътимод ва пурқувват садо дод. Баромади тими миллии кишвар дар Чемпионати 3-юми Осиё оид ба ММА — соли 2026, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, на танҳо муваффақ буд, балки ба дастоварди таърихӣ табдил ёфт, ки дарҳои мусобиқаҳои бузурги байналмилалиро боз мекунад.

Натиҷаи ниҳоии чемпионат — 4 медали тилло ва 2 медали нуқра — Тоҷикистонро ба сафи пешсафони ММА-и қитъа ворид намуда, марҳалаи навро дар рушди ин навъи варзиш дар кишвар оғоз бахшид.
Медалҳои олитарини чемпионатро чор намояндаи Тоҷикистон ба даст оварданд:
Қосим Сардоров — қаҳрамони Осиё дар бахши Modern MMA (85 кг);
Мирзобек Умаров — медали тилло дар Modern MMA (60 кг);
Баҳром Ҳакимов — қаҳрамони Осиё дар Traditional MMA (60 кг);
Отабек Раҷабов — медали тилло дар Traditional MMA (65 кг).
Медалҳои нуқра ба хазинаи даста ворид шуданд тавассути:
Беҳрӯз Хуршедзода — Modern MMA (71 кг);
Манучеҳр Давлатов — Traditional MMA (71 кг).
Ҳар як рақобат санҷиши ҷисмонӣ, тактикӣ ва равонии варзишгарон буд, ки Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ карданд.

Аммо шаш медал танҳо натиҷаи намоён мебошанд. Арзиши аслии ин дастовард аҳамияти стратегӣ дорад. Баромади муваффақ дар чемпионати Осиё ба тими миллӣ ҳуқуқи иштирок дар бузургтарин мусобиқаҳои қитъавии соли 2026-ро фароҳам овард.
Сухан дар бораи:
- Бозиҳои Осиё-2026 дар Айчи–Нагоя (Ҷопон);
- Бозиҳои Осиё оид ба санъатҳои размии омехта дар Эр-Риёз (Арабистони Саудӣ) меравад.

Ҳар як медал — як роҳхат, ва ҳар як пирӯзӣ — имкони нав барои парафшон кардани Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Натиҷаи бадастомада дар Чин нишон дод, ки мактаби ММА-и Тоҷикистон дигар танҳо дар марҳалаи рушд қарор надорад — он ба қувваи рақобатпазир дар сатҳи Осиё табдил ёфтааст. Дар паси ин муваффақият кори пайвастаи федератсия, мураббиён ва худи варзишгарон қарор дорад.
Тавре дар Федератсияи санъатҳои размии омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ин танҳо оғози роҳ аст. Аммо аллакай равшан аст: Осиё Тоҷикистонро дид ва эътироф кард.
Ва ин — танҳо оғоз мебошад.
АКС: Федератсияи санъатҳои размии омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
