Қазоқистон дар Туркистон барои музокироти сулҳ дар Ховари Миёна майдонча пешниҳод намуд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар Туркистон барои музокироти сулҳ дар Ховари Миёна майдонча пешниҳод намуд

Остона, 6 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо гурӯҳи сафирони кишварҳои арабии Халиҷ ва Урдун мулоқот намуд. Ҷонибҳо вазъиятро дар Ховари Миёна дар пасманзари танишҳои давомдор баррасӣ намуданд.

Вазири умури хориҷӣ аз шиддат гирифтани вазъ, аз ҷумла зарбаҳо ба қаламрави кишварҳои дӯстонаи араб изҳори нигаронӣ намуд. Вай аҳамияти ҳарчи зудтар қатъ намудани амалиёти ҷангиро, ки боиси қурбониёни аҳолии осоишта ва хароб шудани инфрасохтори шаҳрвандӣ мегардад, таъкид намуд.

Кошербаев ба роҳбарони миссияҳо барои мусоидат дар эвакуатсияи шаҳрвандони Қазоқистон ташаккур гуфт. Вай қайд намуд, ки Қазоқистон талошҳои сарони давлатҳои Халиҷро дар ташкили муколамаи сулҳ, инчунин ташаббуси муштараки Чин ва Покистон барои барқарор намудани сулҳу субот истиқбол мекунад. Қазоқистон омода аст, ки барои музокироти сулҳ дар Туркистон майдонча пешниҳод кунад.

Дипломатҳои араб аҳамияти талошҳои байналмилалиро барои таъмини амнияти минтақавӣ қайд намуданд ва омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич бо Остона тасдиқ намуданд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ

error: