Қазоқистон форматҳои нави ҳамкории сайёҳӣ ва гуманитарӣ бо Ҷопонро пешниҳод намуд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон форматҳои нави ҳамкории сайёҳӣ ва гуманитарӣ бо Ҷопонро пешниҳод намуд

ОСТОНА, 28 декабр 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев дар саммити аввали Муколамаи Осиёи Марказӣ Ҷопон дар Токио самтҳои асосии ҳамкорӣ бо Ҷопонро муайян намуда, ба сайёҳӣ ва робитаҳои гуманитарӣ диққати махсус дод. Сарвари давлат қайд намуданд, ки Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои таърихи беназир, фарҳанги бой ва табиати зебоманзар мебошанд, ки метавонанд сайёҳонро аз Ҷопон ҷалб кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Қазоқистон ба рушди лоиҳаҳои муштараки сайёҳӣ, аз ҷумла ташкили як хатсайри ягонаи осиёи марказӣ барои сайёҳони ҷопон ва содда намудани раводид манфиатдор аст. Ин равиш ба сайёҳон имкон медиҳад, ки дар як сафар якбора бо якчанд кишварҳои минтақа шинос шаванд ва шаҳрвандони Осиёи Марказӣ – фарҳанги Ҷопонро кашф кунанд. Президент инчунин ҷониби ҷопонро бо баргузории бомуваффақияти ЭКСПО-2025 дар Осака табрик гуфт ва гирифтани Ҷоизаи тиллои Қазоқистонро барои ошкор намудани мавзӯи намоишгоҳ қайд намуд.

Токаев алоҳида дурнамои ҳамкориро дар соҳаи варзиш, аз ҷумла дар маъмулгардонии дзюдо, сумо ва кэндо таъкид намуд. Вай хотиррасон намуд, ки соли 2027 Қазоқистон чемпионати ҷаҳонро оид ба дзюдо баргузор мекунад ва инчунин вохӯриро бо сумоисти маъруфи дорои гузаштаи қазоқӣ Кимбозан Харуки қайд намуд.

Сарвари давлат изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои фарҳангӣ – гуманитарӣ барои таҳкими минбаъдаи дӯстии байни халқҳои Қазоқистон ва Ҷопон заминаи устувор хоҳанд буд.

 Аксҳо: Акорда

error: