Остона, 28 январи соли 2026-АИ «Караван инфо». Қазоқистон барои рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон гурӯҳи кории байнисоҳавӣ таъсис дод. Ҷаласаи аввалини онро муовини сарвазир Серрик Жумангарин баргузор намуд.

Гурӯҳи корӣ барои кори системавӣ дар самти афғонистон таъсис дода шудааст. Ҳамоҳангсозӣ ба намояндаи махсуси президенти ҶҚ дар Афғонистон Еркин Тукумов вогузор намуда шуд.
Ҷумангарин изҳор дошт, ки сарвари давлат вазифаҳои рушди гузаргоҳҳои нақлиетӣ, ҳамкории тиҷоратӣ ва гуманитарӣ гузоштааст. “Вазифаи асосӣ ташаккули муносибати ҳамаҷониба ва коҳиш додани расмиёти бюрократӣ мебошад” гуфт ӯ.
Дар ҷаласа дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, логистика, энергетика ва маориф баррасӣ намуда шуд. Соли 2025 ба Афғонистон ду маротиба кумаки башардӯстона расонида шуд. Дар панҷ соли охир ҳаҷми умумии интиқол 6,4 миллиард тенгеро ташкил дод.
Муовини вазири нақлиёт Жанибек Тайжанов дар бораи рафти лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан тавассути Қаламрави Афғонистон (CASA) хабар дод. Қазоқистон ба АМА лоиҳаи ёддошти сеҷонибаро фиристод. Имзои он моҳи феврал ба нақша гирифта шудааст.
Муовини вазири илм ва таҳсилоти олӣ Гулзат Кобенова хабар дод, ки дар Қазоқистон 610 донишҷӯи афғон таҳсил мекунанд. Ҳар сол 30 гранти таълимӣ ҷудо намуда мешавад. Имконияти зиёд намудани квота то 60 грант баррасӣ намуда мешавад.
Ҷумангарин супориш дод, ки маҷлисҳои гурӯҳи корӣ мунтазам гузаронида шаванд.
Аксҳо: Вазорати Иқтисоди ҶҚ
