Остона, 26 январи соли 2026-АИ «Караван инфо». Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ержан Ашикбаев ва Раиси нави дафтари “СММ – занон” Ҷерен Гюрес масъалаҳои баробарии гендерро баррасӣ намуданд. Қазоқистон ҷонибдории худро ба ҳимояи ҳуқуқи занон ва нигоҳ доштани квотаи 30-фоизӣ барои занон, ҷавонон ва шахсони ниёзманди махсус дар доираи ислоҳоти парлумонӣ тасдиқ намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маркази Минтақавии СММ оид ба ҲРУ дар Алмаато ҳамчун платформа барои пешбурди рӯзномаи гендерӣ дар Осиёи Марказӣ истифода шавад. Ҷерен Гюрес кори ҳукуматро дар иҷрои созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи духтарон ва занон мусбат арзёбӣ намуд.
Дар натиҷаи мулоқот Қазоқистон ва “СММ – занон” шарикии худро дар татбиқи ташаббусҳои муштарак тақвият хоҳанд дод.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
