ОСТОНА, 04 феврал АИ «Караван инфо». Қазоқистон нақша дорад, ки 15 хатсайри байналмилалии ҳавопайморо кушояд ва аз сар гирад, инчунин як қатор парвозҳои дохилиро барқарор кунад. Дар ин бора вазири нақлиёт Нурлан Сауранбаев дар ҷаласаи Ҳукумат хабар дод. Ҳоло парвозҳо дар 42 самти дохилӣ, аз ҷумла минтақаҳои сайёҳӣ анҷом дода мешаванд ва ба наздикӣ 9 хатсайри дигар дар дохили кишвар барқарор карда мешаванд, гуфт ӯ.

Барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ парвозҳо ба Вена, Рим, Шанхай, Токио, Эр-Риёд, Ларнаку, Амман, Даммам, Кашгар, Деҳлӣ, Рига, Варшава, Урумчӣ, инчунин ба Бишкек ва Абу-Даби ба нақша гирифта шудаанд. Қисми самтҳо бори аввал кушода мешаванд, қисми дигар барқарор намуда мешаванд.
Ба сифати хизматрасонӣ диққати махсус дода мешавад. Дар фурудгоҳҳои Остона ва Алмаато аллакай Системаи Q-gate барои коҳиш додани навбатҳо ҷорӣ намуда шудааст ва дар соли 2026 он дар Шимкент, Актау, Актобе ва Атирау ба кор дароварда мешавад.
Дар баробари ин, навсозии фурудгоҳҳо идома дорад. Имсол сохтмони бандарҳои ҳавоӣ дар Катон-Қарағай, Зайсан ва Кендерли, инчунин барқарорсозии фурудгоҳи Аркалик ба анҷом мерасад.
Сурат: МТ ҶҚ
