Қазоқистон то охири соли 2026 дар қаъри Каспий то Озарбойҷон сими оптикӣ мегузорад – ИА Караван Инфо
Қазоқистон то охири соли 2026 дар қаъри Каспий то Озарбойҷон сими оптикӣ мегузорад

Остона, 6 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Қазоқистон ният дорад, ки кабели оптикиро дар қаъри баҳри Каспий то Озарбойҷон дар семоҳаи сеюми соли 2026 ба анҷом расонад. Дар ин бора муовини сарвазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ Жаслан Мадиев хабар дод.

Лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар ва таҳкими нақши он дар инфрасохтори байналмилалии рақамӣ равона шудааст.

“Қазоқистон мавқеи стратегии байни Аврупо ва Осиёро ишғол мекунад ва дар транзити трафики интернет нақши муҳим мебозад”, – қайд намуд Мадиев.

Аксҳо: freepik / fabrikasimf

error: