Остона, 7 октябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Вазири экология ва захираҳои табиии ҶҚ Ерлан Нисанбаев бо Президенти созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ) ва Раиси хадамоти миллии метеорологии АМА Абдулло Аҳмад Ал-Мандус, инчунин Сафири АМА дар Қазоқистон Муҳаммад Саид Ал-Арикӣ мулоқот намуд.

Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи гидрометеорология ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баррасӣ намуданд.
Вазир Нисанбаев изҳори боварӣ намуд, ки Меморандуми сеҷонибаи ҳамкорӣ байни маркази миллии метеорологияи АМА, РГП «Казгидромет» ва РГП «Казаэронавигатсия», ки санаи 2 октябр ба имзо расидааст, барои шарикии дарозмуддат заминаи устувор хоҳад буд ва робитаҳои илмиро тақвият медиҳад.
Вай инчунин иштироки фаъолонаи Қазоқистонро дар барномаҳои СҶМ таъкид намуд ва аҳамияти ташаббуси “Огоҳии барвақтӣ барои ҳама” – ро, ки ба таъмини дастрасӣ ба огоҳиҳои муосир дар бораи падидаҳои хатарнок равона шудааст, махсус қайд намуд.
Дар навбати худ, Президенти СҶМ Абдулло Аҳмад Ал-Мандус ба Қазоқистон барои пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар бораи мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ ташаккур гуфт ва пешниҳод намуд, ки соҳаҳои ҳамкорӣ васеъ намуда шаванд.
Пешниҳодҳои ҷониби аморат инҳоянд:
- Дохил намудани хизматрасониҳо оид ба МБЭ (манбаъҳои барқароршавандаи энергия) ва мониторинги кайҳонӣ.
- Мониторинг барои кишоварзӣ ва роҳҳо.
- Истифодаи суперкомпютерҳо барои пешгӯӣ, ошкор намудани ҳолатҳои фавқулодда ва кишти абрҳо.
- Гузаронидани тренингҳои мутақобила барои мутахассисони хадамоти гидрометеорологии ду кишвар.
Дар анҷоми мулоқот Ерлан Нисанбаев намояндагони СҶМ ва АМА-ро барои иштирок дар саммити минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, ки санаи 22-24 апрели соли 2026 дар Остона баргузор мешавад, даъват намуд.
Аксҳо: Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ