Алмаато, 27 январи соли 2026 АИ “Караван Инфо”. Сафири ЧХХ дар Қазоқистон Хан Чунлин ба ALT University (Академияи логистика ва нақлиёт) дар Алмаато ташриф овард. Сафар ба таҳкими робитаҳои академӣ ва тафтиши лабораторияҳои муштараки баландтехнологӣ бахшида шуда буд.

Ҳайатҳо кори маркази логистикии Smart Логистика ва коргоҳи “Роҳи Абрешим” – ро, ки бо дастгирии шарикони чинӣ таъсис дода шудааст, пешниҳод намуданд. Ба “Устохонаи Лу Бан”, ки ба робототехникаи саноатӣ тахассус дорад, диққати махсус дода шуд. Ин лоиҳа, ки аз ҷониби сарони ду давлат оғоз ёфтааст, платформаи калидии тайёр намудани муҳандисони насли нав гардид.
Дар охири соли 2025 дар донишгоҳ инчунин Intelligent Sensing Lab -озмоишгоҳи технологияҳои сенсорӣ, ки ба принсипҳои ESG нигаронида шудааст, кушода шуд. Имрӯз ALT University бо зиёда аз 20 донишгоҳҳо ва корхонаҳои пешрафтаи Чин ҳамкорӣ намуда, технологияҳои саноати 4.0-ро ҷорӣ мекунад.
Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ
